ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш оид ба гузаронидани Аксияи ҳизбӣ бо усули «хона ба хона» ҳамзамон корҳои мушоҳидавию фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи самараноки ҳар қитъаи замин дар Ҷамоати шаҳраки Вахш дар маҳаллаи ба номи А.Холиқов бо сокинон суҳбату вохӯриҳои судманд баргузор намуда, барои яко яки онҳо чи тавр тарзи самаранок истифода бурдани замини кишоварзӣ, ҳамзамон ҷиҳати қоидаҳои муҳофизат аз сироятёбии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) маслиҳатҳои муфид доданд ва ба онҳо варақаҳои таблиғотӣ оид ба тарзи самаранок истифода бурдани заминҳо, инчунин риояи гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ аз ин беморӣ тақсим карда шуд.