ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иљроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавируси COVID-19 ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ дар доираи Аксияи ҳизбӣ бо усули "хона ба хона" дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Вахш гардиш доир намуданд.
Кормандони ҳизбӣ дар ин рӯз бо сардорони оилаҳо суҳбат намуда, ба онҳо маводҳои таблиғотӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва ниқобҳои муҳофизатӣ тақсим намуданд.