ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, дар кӯчаи Обшорони Ҷамоати деҳоти Ваҳдат барои самаранок истифода бурдани ҳар як қитъа замини наздиҳавлигии шаҳрвандон ва пешгирии бемории коронавирус бо усули «хона ба хона» корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд.
Дар суҳбат намояндагони ҳизбӣ ҷиҳати истифодаи самараноки қитъаи заминҳои наздиҳавлигии шаҳрвандон ва дигар намуди заминҳо, кишти саривақтӣ ва ҳосилнок намудани кишти зироатҳо ва риояи амалҳо ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ,, аз ҷумла оид ба мубориза ва пешгирии бемории сироятии коронавирус суҳбат гузаронида, ҳамзамон ба сокинон варақаҳои таблиғотӣ ва ниқобҳои муҳофизатӣ дастрас карда шуд.