Шӯрои Марказии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ҷиҳати дастгирии номзади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
шаҳри Душанбе, 7 сентябри соли 2020
Ҳамсолон ва ҳамватанони азиз!
Шӯрои Марказии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар заминаи вусъат бахшидани марҳилаи нави бунёдкорию созандагӣ дар кишвар шукргузор аз он ҳастем, ки зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ватани ободу озод зиндагӣ ва фаъолият мекунем.
Мо эътироф мекунем, ки ҷавонон дар Тоҷикистон захираи стратегии давлат буда, дорои неруи бузурги иҷтимоӣ - иқтисодӣ баҳри инкишоф ва пешравии ҷомеа мебошанд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали таъсисёбии худ ба масъалаи ҷавонон аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир менамояд. Ин аст, ки яке аз самтҳои асосии Барномаи номзади ҳизбро масъалаи кор бо ҷавонон ташкил медиҳад.
Мо дарк месозем, ки иштироки ҷавонон дар дигаргуниҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон хеле муҳим ва муассир аст. Муайян намудани заминаҳои асосии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва дар ин раванд, тақвият бахшидан ба нақши ҷавонон дар амри амалӣ намудани ғояҳои созандаи Давлату Ҳукумати мамлккат, пешгирии омилҳои хатарноки таъсиррарасон ба мафкураи ҷавонон, огоҳии пурра доштани ҷавонон аз таҳдидҳои иттилоотӣ, пешгирии онҳо ҷиҳати гаравиш ва сафи ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ аз масъалаҳои умдаи фаъолияти сохторҳои ҳизбӣ, бахусус созмони ҷавонони он “Созандагони Ватан” ба ҳисоб меравад.
Мо талош меварзем дар татбиқи ғояҳои низоми давлатдорӣ, ки аз ҷониби Пешвои миллат мушаххас гардидаанд, саҳм гузошта, иштироки сазовори ҷавононро дар равандҳои бунёдгузоронаи ҷомеаи кишвар таъмин намоем.
Мо кӯшиш мекунем, ки баҳри таҳкими дӯстӣ, ваҳдати миллӣ ва хамдигарфаҳмии амиқи халқҳои мамлакат тамоми дониш ва нерӯи худро истифода барем.
Мо таъкид мекунем, ки ба принсипҳои умумии қабулшудаи эҳтироми ҳамдигариии ҳуқуқҳои асосӣ ва озодии инсон ҷонибдор ҳастем.
Мо эътимод дорем, ки ҳамкории байни ҷавонон ва ташкилотҳои кор бо ҷавонон ҷиҳати татбиқи бомуваффақияти мақсадҳои стратегӣ ва вазифаҳои ояндаи он мусоидат мекунад. Ҳамкории намояндагони фаъоли ҷавононро бо институтхои сиёсӣ бо мақсади ёфтани роҳҳои ҳалли дастаҷамъонаи мушкилоти ҷавонон ва мубодилаи таҷрибаи пешқадами минтақавию байналмилалиро дар ҳамаи зинаҳои коркарду татбиқи сиёсати ҷавонон дастгирӣ мекунем.
Шӯрои Марказии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» бо назардошти махсусияти замони муосир иқдомҳои таҳкимбахши роҳбарияти Давлат ва Ҳукуматро зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаҷониба ҷонибдорӣ мекунад ва ӯро арзандатарин номзад дар маъракаи интихоботи президентӣ медонад.
Гузашта аз ин, мо барои таваҷҷуҳ ва боварӣ ба Пешвои миллат изҳори сипос менамоем. Мо омода ҳастем, ки дар раванди мустаҳкамсозии сулҳу осоиш, ризоят ва дӯстии байни ҷавонон ҳиссагузор бошем.
Шӯрои Марказии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» номзади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистонро дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ҷонибдорӣ намуда, ояндаи боз ҳам дурахшони кишварро танҳо бо Эмомалӣ Раҳмон мебинад.
Зинда бод Пешвои ҷавонпарвари миллат!
Пирӯз бод номзади арзанди халқ Эмомалӣ Раҳмон!
Шараф ба Пешвои муаззами миллат!
Президенти мо – ифтихори мо!
Бо Пешвои миллат ба ояндаи дурахшон!
Шӯрои Марказии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»
шаҳри Душанбе, 7 сентябри соли 2020