Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатщои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҳифзи сиҳатии ҷомеа ва баҳри огоҳ намудани сокинон аз босуръат паҳн гардидани мавҷи дуюми пандемияи короновирус ва дигар бемориҳои сироятӣ бо қишрҳои гуногуни ҷомеа силсила вохӯриҳои худро доир намуда истодаанд. Дар чорабиниҳои “хона ба хона” намояндагони ҳизбӣ сокинонро пайваста таъкид менамоянд, ки нисбати ин беморӣ беаҳамиятӣ зоҳир нанамоянд, қоидаҳои беҳдоштиро дар хонадонашон нигоҳ дошта, аз маҳлулҳои антисептикӣ ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ниқобҳои тиббиро истифода баранд.