АНДЕША. Зери сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар саросари ҷумҳурӣ иншоотҳои соҳаи варзиш сохта мариди истифода қарор дода мешаванд, ки ин воситаи беҳтарин баҳри ҷалби ҷавонон аз оворагардӣ ба варзиш, пешгирии шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ байни ноболиғону ҷавонон мебошад.
Имрӯзҳо варзиш дар ҷаҳони муосир аз маъмултарин соҳаҳое дониста мешавад, ки ҳар нафари ба он машғул гардида, рӯҳану ҷисман солим мебошад. Ин аст, ки бо дарку идроки гуфтаҳои боло имрӯз наврасону ҷавонон ва ҷавондухтарон дар риштаҳои гуногуни варзиш ба машқу тамрин машғул буда, вақти қимати хешро самаранок истифода мебаранд ва дар баробари ин бо истифода аз малакаву истеъдоди хеш дар чорабиниҳои гуногуни варзишӣ иштирок ва бо ишғол намудани мақомҳои ифтихорӣ обрӯи кишвари хешро дар сатҳи байналмиллалӣ баланд мебардоранд. Боварии давлату роҳбарияти олии сиёсии кишвар ба қишри ояндасози кишвар ҷавонон боиси пешрафт ва инкишофи тамоми соҳаҳои ҷумҳурӣ гардидааст. Тибқи маълумотҳои оморӣ имрӯз дар ноҳия зиёда аз 151 иншооти варзишӣ фаъолият дошта, дар ҳудуди ноҳия 19 толори варзишӣ, 2 варзишгоҳ бо теъдоди 6000 ҷои нишаст. Инчунин, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ якҷо бо соҳибкорони ватандӯст то ба имрӯз 5 майдончаи варзишии замонавӣ сохта ба истифода дода шудаанд. Дар соли 2020 бошад, сохтмони 14 майдончаи варзишӣ барои футболи хурд дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Варзишгарони ноҳия арзу сипос ва миннатдории самимии хешро ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонону наврасон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус ба Пешвои миллат ҳамеша баён менамоянд. Имрӯзҳо варзишгарони ноҳия аз ин шароиту ғамхорӣ истифода бурда, дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд.
Боиси қаноатмандист, ки тай се соли охир дастаи яккачини ноҳия дар Лигаҳои I ва II -юми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия сабқат намуда истодаанд.
Имсол бошад дастаҳои наврасони ноҳия дар Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон байни наврасон фаъолона иштирок доранд, ки дар даври якуми Чемпионат, яъне минтақавӣ ва вилоятӣ ғолиб баромада, сазовори роҳхат ба даври ҷумҳуриявӣ гардида, айни ҳол дар даври ҷумҳуриявӣ дар зинаи 6-ум қарор доранд, ин ҳама шаҳодат аз он медиҳад, ки баҳри наврасону ҷавонон инфрасохтори соҳаи варзиш дастрас ва дар ҳолати хуби корӣ қарор доранд.
Бо ин роҳ боварии комил аст, ки дар оянда низ бо маҳорату малакаи варзишӣ парчамбардорони ноҳия варзиши тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам бештар муаррифӣ менамоянду бо ба даст овардани мақомҳои ифтихорӣ Парчами кишварро миёни дигар давлатҳо баланд мебардоранд ва саҳми худро дар рушди варзиши Ватан мегузоранд.
Зубайдов Маҳмадшариф, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун