БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҲҲОИ ДЕҲА ОБОД ГАРДИДА ИСТОДААНД

       

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ташкилотҳои ибтидоии  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав бо  мақсади  сазовор  истиқбол  намудани  ҷашни  Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, корҳои  ободонию бунёдкориро ҳаматарафа ба  роҳ  монда,  барои  боз  ҳам  беҳтар  намудани   симои   деҳот дар  ростои  «Соли  шинохти  бештари  манфиатҳои  миллӣ»   амалӣ  намуда  истодаанд.

Дирӯз  бо  иштироки  васеи  сокинони  деҳаи  Гулзор  Аксияи  ҳизбии  «Якҷоя  месозем!»  баргузор  гардида,   роҳи  даромади   деҳа  ба  масофаи  200  метр  сангфарш  карда шуд.

Сокинон  иқдом  гирифтанд, ки  бахшида  ба   истиқболи  30-  солагии  Истиқлолияти  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  боқимонда  роҳҳои  дохили  деҳаро  сангфарш менамоянд.    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg