БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОЛОНТЁРОН ДАР ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС САҲМИ АРЗАНДА ДОРАНД

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо  мақсади  пешгирӣ ва паҳншавии бемории  коронавирус  корҳои  безараргардонӣ  дар  деҳаю  маҳаллаҳои   ноҳия  ҳамарӯза бо маром идома доранд.     

Бо  мақсади пешгирӣ  аз  сироятёбӣ  ва хатару оқибатҳои бемории  коронавирус     дар  ҳамкорӣ бо ихтиёриён (волонтиёрҳо) дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии маркази ноҳия  корҳои  безараргардонӣ  ба  роҳ монда шуда,  биноҳои  маъмурии  ташкилоту  муассисаҳои  маркази  ноҳия бо  маҳлулҳои  кимёвии гиплохлориди  натрий  безарар  гардонида шуданд.

Бо кормандони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба  пешгирии  сироятёбӣ  аз  бемории  коронавирус суҳбату  вохӯриҳо баргузор   намуда, фаҳмонида  шуд, ки  яке аз  омилҳои  асосии  пешгирии  ин  беморӣ безараргардонӣ  ҷои  кор  ва макони  зист,  риояи  қоидаҳои  бехатарии  беҳдошт, мунтазам шустани дастон бо собун ва ё маҳлулҳои спиртдор, истифодаи  ниқоби тиббӣ   ба  шумор  меравад.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg