БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

2018 - соли тақвияти робитаи ҳизбиёни вилояти Хатлон бо маҳал

ПАНҶ.Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ҷиҳати шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  дар маҳаллаи 16-солагии Истиқлолияти ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинов бо сокинони маҳал вохӯрӣ баргузор гардид.

Сараввал вохӯрӣ аз намоиши ҳунарҳои мардумии маҳалла, аз қабили сӯзанӣ, қӯроқдӯзӣ, болишту девориҳои чакандӯзӣ, дастбанду побандаки гаҳвора ва намудҳои гуногуни хӯрокиҳои милливу анвои нонӣ ба намоиш гузошта шуда буданд,оғоз гардид.  Меҳмонон, аз намоишгоҳ дидан карда, оид ба таъриху тайёр намудани ҳар як маҳсулоти ба намоиш гузошташуда, суҳбат карданд.

Баъдан, раиси Кумитаи иҷроияи ноҳия Файзиев Каримҷон баромад намуда, ҷиҳати боз ҳам густариш бахшидани иртибот бо мардум ва ҷалби васеи сокинон дар амалӣ намудани ҳадафу мақсадҳои созандаву бунёдкоронаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон  соли 2018  Соли робита бо маҳал эълон карда шудааст, суханронӣ намуд.

Дар рафти вохӯрӣ ҳамчунин, атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ки ба он ташаккули фарҳанги техникӣ, мубориза алайҳи нашъамандӣ, пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, тарбияи ватандӯсти ҷавонон ва ҷалби онҳо ба хизмати ҳарбӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва риояи қонунҳои миллии қабулгардидаи Ҳукумати кишвар дохил мешаванд,суханронӣ карда шуда, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷсоли 2018-ро  соли фаромӯшнашаванда хонда, соли таърихӣ номиданд.

Ҷавобан, раиси маҳаллаи 16-солагии Истиқлолият Қаҳоров Нурмаҳмад баромад карда, барои иқдомҳои наҷибонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, бо боварии комил баён кард, ки дар созандагию бунёдкории маҳаллаҳаашон  ҳамаҷониба  саҳмгузор мешаванд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg