БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРОНАВИРУСРО ҶИДДӢ БОЯД ГИРИФТ!

ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Имрӯзҳо дар тамоми воситаҳои ахбори омма барои пешгирӣ аз коронавирус ба шаҳрвандон маслиҳату тавсияҳо  дода мешавад, ки сокинон метавонанд аз дастуру  тавсияҳои пешниҳодгардида васеъ истифода баранд, то ин ки худ ва дигаронро аз ин бемории сироятӣ муҳофизат намоянд.

Вобаста ба ин мавзӯъ Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон ҳамарӯза вохӯриҳоро миёни  аҳолӣ бо усули “хона ба хона” гузаронида истодааст.

Чунин чорабинии ҳизбӣ дар деҳаи Себистон  бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон  доир гардида, масъулин ба сокинон дар бораи моҳияти  мавҷи дуюми бемории коронавирус андешаронӣ карда, онҳоро таъкид намуданд, ки  аз маводҳои антисептикӣ, ниқобҳои муҳофизатӣ истифода бурда, қоидаҳои беҳдоштиро дар хонадонашон  нигоҳ доранд. Сипас, ба ҳар як сокини деҳа маводҳои антисептикӣ, ниқоби тиббӣ ва маводҳои таблиғотӣ дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg