АНДЕША. Боиси шукргузорӣ ва сафарозии мост, ки дар остонаи ҷашни 29 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил мебошад. Истиқлолият ин нишонаи барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.
Тоҷикон аз қадимулайём миллати озодпарасту озодихоҳ буданд. Солҳои сол дар дил орзуи озодиро мепарвариданд. Бо амри тақдир ва бар асари таҳавуллоти фарогири сиёсиву иҷтимоии ибтидоии солҳои 90-уми асри гузашта халқи тоҷик баъди ҳазор сол аз нав ба эҳё ва эъмори давлати миллати худ ноил гардид. Заминаи меъёрӣ ва ҳуқуқии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳанӯз 24 августи соли 1990 дар Иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Дар фазои байналмилалӣ бошад 9- сентябри соли 1991 Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ шинохта шуд.
Маҳз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ борҳо таъкид намудаанд, ки «Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем».
Имрӯз мо дар назди миллату давлати худ муваззаф ҳастем, ки ин неъмати бебаҳои ба мо меросмондаро ҳамчун як гавҳараки чашм ҳифз ва нигоҳ дорем. Ин аст шараф, номус, ифтихор ва рамзи пойдории мо- мардуми бонангу номуси диёр.
Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун кишвари ҷӯяндаи сулҳу амонӣ на танҳо дар дохили кишвар, балки дар ҷаҳон хоҳони зиндагии созгору некӯаҳволона аст. Аз таърих возеҳ аст, ки миллати тоҷик бар сари халқи дигаре теғ накашидаву касеро аз ҳуқуқу озодиҳояш маҳрум насохтааст. Баръакс, дар хонаи худ бегонагонро ҷой додааст, онҳоро маърифату амал, илму одамгарӣ, шаҳрнишиниву одоби муошират омӯхта, дар подоши он нокомӣ, маҳрумият, гурезагӣ, ноадолатӣ, беҳуқуқӣ таҳқиру азобҳо дидааст. Дар ин роҳи озодихоҳӣ, ҳимоят аз номус нанг ва пораи замини аҷдодӣ ҳазорон ҷавонмардони асили тоҷик қурбон гардидаву миллати тоҷик аз нобудӣ ба пирӯзиҳо расида.
Ҳар яки моро зарур аст, ки аз хурд то бузург дар ин ҷода бо тамоми ҳастӣ барои ояндаи миллату давлати худ бошарафона истодагарӣ карда тавонем.
Ҳамин тавр, дӯст доштани Ватан, омода будан ба ҳифзи марзу буми он қарзи имонӣ ва виҷдонии ҳар як ҷавонмард буда, барои кулли тоҷику тоҷикистонӣ андешаи истиқлол- андешаи ҳақ ва ҳақпарварист.
Холиқов Назрулло, аъзои гурӯҳи волонтёрӣ аз ноҳияи Панҷ