БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЛИМИИ ҶОМЕА - БОЙИГАРИИ ДАВЛАТ

ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз  кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Дӯстӣ  баҳри нигоҳ доштани саломатии ҷомеа аз мавҷи дуюми бемории сироятии коронавирус  ва самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ  бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи «Қубодиён» корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Зимни суҳбат масъулин дар бораи  мавҷи дуюми коронавирус фикру андешаҳои хешро баён дошта, сокинонро  таъкид карданд, ки  дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатман ниқобҳои муҳофизатиро пӯшанд, аз маҳлулҳои антисептикӣ истифода бурда, худ  ва дигаронро аз бемориҳои сироятии мавсимӣ нигоҳ доранд. Инчунин, дар идома вобаста ба  истифодаи самараноки замин, захираи  молу маҳсулоти кишоварзӣ барои фасли зимистон ҳарф зада,  аз ҷамъомадагон даъват ба амал оварданд, ки  татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба манфиати ҳар як шаҳрванд мебошад. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки дар таъмини амнияти озуқаворӣ бо меҳнати софдилона  саҳми арзанда гузорем. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg