ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус бо усули “хона ба хона” бо истиқоматкунандагони маҳалла ва деҳаҳо суҳбатҳо доир намуда истодаанд.
Чунин суҳбати судманд ба сокинон дар деҳаи Заркорони Ҷамоати деҳоти ба номи М.Вайсов гузаронида шуд, ки дар он бештар аз 93 нафар соҳибхонаҳо иштирок доштанд.
Дар суҳбатҳо ба иштирокдорон фаҳмонида шуд, ки бемории сироятии каронавирус пурра аз байн бурда нашудааст ва то ҳол гирифторшавӣ ба ин беморӣ дида мешавад. Аз ин рӯ, мардум набояд нисбати ин беморӣ беаҳамият бошанд. Бояд қоидаҳои беҳдоштиро риоя намуда, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода баранд.