АНДЕША. Паёмҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии қонунгузорро саҳифаи дурахшон дар сиёсати дохиливу хориҷӣ ва роҳнамо барои кулли мардуми кишвар дар соли пуршарафи 29-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизи мо донистан ҷоиз аст.
Дар ҳақиқат, соли сипаригашта дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. То имрӯз барои пешрафти соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила ва рушди варзиш корҳои зиёде ба анҷом расонида шудааст. Дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд. Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат дар соли 2019 таъкид намуда буданд, “Соли ҷорӣ ба маблағи 500 миллион сомонӣ 130 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 32 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода супорида шудааст. Аз ин шумора 32 муассиса бо қариб 10 ҳазор ҷойи нишаст аз ҳисоби соҳибкорону шаҳрвандони саховатпешаи кишвар ба маблағи беш аз 122 миллион сомонӣ бунёд шуда, ҳиссаи онҳо дар сохтмон ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои соҳаи маориф ва дигар бахшҳо рӯз ба рӯз афзуда истодааст”.
Тибқи супориш ва Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли дуюм аст, ки дар саросари кишвар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” баргузор гардида истодааст. Баргузории озмуни мазкур аз он далолат мекунад, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат ба рушди маориф ва китобу китобхонии сокинони кишвар таваҷҷуҳи махсусро равона кардааст.
Мо кормандони соҳаи маорифи шаҳри Бохтар кӯшиш ба харҷ дода истодаем, ки китобхонаҳои муассисаи худро ба маркази муҳимми илму фарҳанг табдил дода, хонандагонро ба хонадани китобҳои бадеӣ ва осори пурғановати адибон ҷалб намоем. Зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад.
Аз 1- сенятбри сол 2020 дар асоси супориши Сарвари давлат музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз ва музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд карда шуд. Ин иқдом моро водор месозад, ки дар оянда фаъолияти хешро дучанд намуда, ҷиҳати ободонию созандагӣ, амалигардонии тадбирҳои ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими саломатии кӯдакону наврасон, ҳифзи манфиатҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва ғайра камари ҳиммат баста, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда худро гузорем.
Сироҷева Матлуба, узви гурӯҳи вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар