КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Созандагон-4” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мулоқот доир карда шуд.
Дар ин мулоқот мудири шуъбаи кор занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ, муовини директори Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб оид ба таълиму тарбия Маҳмудова Қумриниссо ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Маҳмудова Қумриниссо дар оғози вохӯрӣ гуфт, ки оила аз беҳтарин, комилтарин ҷузъи ҷомеа буда, дар такомули одоб, ахлоқ ва маърифат замина мегузорад ва дар он зан пояи асосии низоми оила аст. Аз ин лиҳоз дар тарбияи духтар ҳам дар хона ва ҳам дар ҷойи кор ва ҳам дар мактабҳои миёнаву олӣ аз ҷониби мо занону модарон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шавад, то фарзандони мо барои зиндагии мустақилона омода шаванд.
Инчунин, Мунаввараи Бозоралӣ қайд кард, ки ҲХДТ ҷонибдори бартараф намудани ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ дар оила буда, ҷиҳати ташаккули муҳити солими оилавӣ, риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҳар як аъзои оила ва ташаккули шахсиятҳои комил дар он доир ба андешидани тадбирҳои судбахш мусоидат мекунад.
Зимни суҳбат Фарзона Ҳакимова баён кард, ки дар асоси дастуру супоришҳо ва қарорҳои пешбинишуда аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020” ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳуқуқиву меъёрии бахшида ба занҳо ва духтарон ҳамеша дар мадди назар аст.
Дар охир изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳар як шаҳрванди азизи мо барои пойдории оила хизмати шоистаеро ба сомон хоҳанд расонд ва бо ин роҳ мо метавонем Тоҷикистони маҳбуби худро бо оиладӯстӣ ва муҳаббат доштан ба фарзанду хонаводаву хешу ақрабо ба дигар кишварҳои ҷаҳон муаррифӣ намоем.