БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАДАНИЯТИ ИСТИФОДАИ ЗАМИН ШИОРИ ҲАР ЯК СОКИНИ ДЕҲОТ БОЯД БОШАД

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав   дар деҳаи  20-  солагии  Истиқлолияти Ҷамоати  деҳоти  Фирӯза  бо  усули  “хона  ба  хона”  суҳбату  вохӯриҳо  баргузор  намуда,  вобаста  ба   пешгирии мавҷи  дуюми  бемории  коронавирусро   ба сокинон ба таври мушаххас фаҳмониданд.

Инчунин, дар суҳбат  намояндагони ҳизбӣ   дар бораи  беҳтар  намудани   истифодаи  замин, ба  роҳ  мондани  усулҳои  интенсивии  истеҳсолоти  кишоварзӣ, рӯёнидани  ҳосили  дилхоҳ аз  маҳсулотҳои  киштшуда,    омодагӣ  ба маъракаи  муҳими  сиёсӣ-  интихоботи  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  Барномаи  пешазинтихоботии  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон андешаронӣ карда, вазифаҳои  ташкилотҳои ибтидоиро дар  ин  самт муайяну  мушаххас  намуданд.

Бо  мақсади  расонидани  кумак вобаста  ба  безараргардонӣ  аз  ҳисоби  Кумитаи  иҷроия маводи  безараргардонии маҳлули хлор ва 130  адад  ниқоби тиббӣ  дастраси  сокинон  карда шуда,   манзили  зисти  онҳо, роҳу  кӯчаҳои  деҳа безарар  гардонида   шуданд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg