БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дастурҳои неку ояндадори Пешвои миллат баҳри анҷом додани корҳои созандагию бунёдкорӣ

ЁВОН.Тибқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо чанде қабл бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар деҳаи Деҳқонободиҷамоати деҳоти Ситораи Сурх бо иштироки фаъолони деҳа вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣмуовини раиси Кумитаи иҷроияиҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Абдуллоева Саёҳат вобаста ба вазъи ноороми сиёсӣ дар кишварҳои ҷангзадаи олам,  ҳалли мушкилоти оби ошомиданӣ, зарурати қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”,  “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз байн бурдани фарҳанги ғайр,  даъвати навбатии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз муоинаи тиббӣ гузаронидани навхонадорон, ободию хуррамии маҳал, ҳамкории оила бо мактаб, ки аз мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бофаъолону зиёиёни кишвар бармеояд, андешаронӣ карда,ҷамъомадагонро баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати дурандешонаву ояндадори Роҳбари давлат  раҳнамоӣ намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg