БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тараннуми ҷавононӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Носири Хусрав

Н.ХУСРАВ. Чорабинии  мазкур  дар   варзишгоҳи  муассисаи  навбунёди таҳсилоти  миёнаи  умумии  №  26-и ноҳияи Носири Хусрав  бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо  иштироки  6  даста  аз  ҳисоби ҷавонони  ҷамоатҳои  деҳоти  ноҳия дар  риштаи  варзишӣ намуди  волейбол,  тенниси  рӯи  миз, дастхобонӣ ва  шашкаю  шоҳмот баргузор  гардид.

Чорабинии варзиширо   раиси  Кумитаи иҷроияи   ҲХДТ  дар  ноҳия   Алиева  Сураё   ифтитоҳ  намуда,   мақсади ташкили  бозиҳои шавқовари  варзиширо   ба  иштирокдорон фаҳмонида, ҷиҳати баланд  бардоштани  манфиатҳои  миллӣ,  тарбияи  насли ҷавон ва  дар  замири  онҳо бедор  намудани ҳисси ватандӯстӣ  ва созандагӣ  мебошад, суханронӣ карда, зикр намуд, ки    ҷавонони  мо  бояд  аз   равияву  ҷараёни  харобовар,  ташкилоту гурӯҳҳои ифротию  террористӣ   канораҷӯӣ  намоянд, бояд  дар ҳифзи марзу буми кишвар ҳушёру  зирак  бошанд.

Инчунин, дар ин раванд  самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ -ҳизби   созандаю  бунёдкор, ҳадафҳои  барномавӣ  ва сиёсати  созандаву  бунёдкоронаи   Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ, Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  Раиси  муаззами  ҲХДТ   муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон дар назди иштирокдорон баррасӣ гардида, барои  ба  даст  овардани  ғолибият  ба дастаҳо комёбиҳо орзу  намуд.   

Дастаҳо   байни  ҳам аз  рӯи   намудҳои   волейбол, шоҳмот,    шашка,  тенниси  рӯи  миз, дастхобонӣ  ва  давидан  ба  масофаи  100 метр қувваозмоӣ  карда,  дастаҳои  ғолиб  бо Ифтихорономаҳо  ва  туҳфаҳои  таъсисдодашудаи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав сарфароз гардонида шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg