Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии мавҷи дуюми бемории коронавирус бо ҷалби волонтёрон корҳои безараргардонӣ дар маҳаллаву деҳаҳо ҳамарӯза бо маром идома доранд.
Вобаста ба пешгирӣ аз сироятёбӣ ва хатару оқибатҳои бемории коронавирус дар ҳамкорӣ бо ихтиёриён (волонтёрон) дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ корҳои безараргардониро ба роҳ монда, бо маҳлулҳои кимёвии гиплохлориди натрий корҳои безараргардонӣ гузаронида шуд.
Инчунин, бо кормандони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба пешгирии сироятёбӣ аз бемории коронавирус суҳбату вохӯриҳо баргузор намуда, фаҳмониданд, ки яке аз омилҳои асосии пешгирӣ ин безараргардонии ҷои кор ва макони зист, риояи қоидаҳои бехатарии беҳдоштӣ, мунтазам шустани дастон бо собун ва ё маҳлулҳои спиртдор, пӯшидани ниқоби тиббӣ ба шумор меравад. Агар мо чунин қоидаҳои санитарию эпидемиологиро қатъиян риояи намоем, метавонем бе ягон мушкилот аз ҳамагуна бемориҳои сироятӣ эмин монем.