БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ БАХТУ САОДАТИ ВОҚЕИИ МИЛЛАТ

АНДЕША. Дар паҳнои замонҳо миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, дастоварди фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиши «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» беҳтарин ва равшантарин орзуву омили инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки каломи пурҳикмат дар тӯли асрҳо барои ташккули арзишҳои солими башардӯст хидмат кардааст.  Халқи тоӌик аз ӌумлаи он миллатҳоест, ки марзу буми худро хеле дӯст медорад ва барои ҳастии он ӌоннисорӣ мекунад.       

Вақт довари ҳама гуна ҳодисаву воқеаҳо маҳсуб меёбад. Гузашти рӯзҳову моҳҳо боз моро ба санаи таърихан муқаддас барои халқу миллати тоӌик, яъне рӯзи қабули Эъломияи Истиқлолияти давлатӣ наздик менамояд.

Истиқлолият дар таърихи ҳазорсолаи халқи тоӌик ин воқеаи хеле бузург буда, Тоӌикистон аз нахустин рӯзҳои истиқлолияти худ дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории навин, таъмини амнияту оромии мардум бо мушкилоту монеаҳои сангин рӯ ба рӯ гардид.       

Истиқлолият барои мо нишонаи барӌастаи пойдории давлат, баҳои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ӌаҳони муттамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоӌикистон мебошад.         

Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоӌдори тоӌик аст. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми шарифи тоӌик ва Тоӌикистони азиз овардааст.

Даврони истиқлолият  барои мо имконияти воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ӌомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию   давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ӌомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин  дараӌаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.

Аҳамияти таърихии Истиқлолияти Тоӌикистон аз он иборат аст, ки дар тӯли 29 соли сипаригашта мардуми кишвари мо бо сарварии Пешвои миллат пояи мустаҳкамии давлатдориро ба душ гирифта, пеши роҳи хатари нобудшавии онро гирифт, оташи ӌанги шаҳрвандиро хомӯш намуд, сохтори фалаӌгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохт, Артиши миллиро таъсис дод, барои таҳкими давлатдорӣ шароит муҳаё намуд, заминаи сулҳи миллиро мустаҳкам кард, аксарияти мутлақи гурезаҳо ва муҳоӌирони иӌбориро ба Ватан баргардонд, заминаи устувори эъмори ӌомеаи навини Тоӌикистонро гузошт, сулҳи байни тоӌиконро таъмин кард, ки барои ӌаҳониён таӌрибаи беназир буд. Махсусан баъди соли 2000-ум Тоӌикистони азизамон бо шарофати сиёсати дурбинонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси се стратегияи рушди мамлакат, яъне бумбасти коммуникатсионӣ раҳо додани ӌумҳурӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ бомаром пеш рафта истодааст. Дар ин давра баҳри амалӣ намудани ин стратегияҳо дар кишвар чандин нақбҳои азими аҳамияти байналмилалидошта, аз қабили нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон», «Шар-шар» бунёд ёфта, садҳо киломерт роҳҳои нави сатҳи байналмилалӣ сохта шуданд ва роҳҳои асосии кишвар пурра азнавсозӣ гардиданд. Дар натиӌаи ин корҳои созандагию бунёдкорӣ имрӯз Ӌумҳурии Тоӌикистон аз бумбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфт.

Дар самти расидан ба истиқлолияти энергетикӣ дар тӯли даҳ соли охир чандин нерӯгоҳҳои обию барқӣ бунёд ёфта, нерӯгоҳҳои мавӌуда аз таъмири асосӣ бароварда шуданд. Сохтмони иншооти аср, бузургтарин НБО дар Осиёи Марказӣ, яъне НБО «Роӻун» сохта шуда, ду агрегати он ба истифода  дода шуд. Неругоҳҳои барқи оби Норак, Қайрақум, Сангтӯда 1-2 тамоми ӌумҳуриро бо нерӯи барқ таъмин намуда, ҳамчун омили суратбахшандаи ислоҳотӣ хизмат карда истодааст.

Дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ даҳ соли охир дар кишвар ҳазорҳо гектар боӻу токзорҳо ва майдонҳои зироатҳои гуногун бунёд гардида, садҳо корхонаҳои хурду бузурги коркард ва истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ ба фаъолият шурӯъ намудаанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар тӯли 29 соли Истиқлолият дар ноҳияи Дӯстӣ биною ишоотҳо, роҳҳо, боӻу токзорҳо сохта шуда, таъмиру тармим гардидаанд. Аз ӌумлаи он иншоотҳо беморхонаи марказӣ, мактаби №16, Маркази ӌавонон мебошанд.

Самараи неки истиқлолият аст, ки имрӯз Тоӌикистон дар дунё  чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таӌрибаи сулҳи тоӌикон-манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ӌаҳон гаштааст, ки боиси ифтихори ҳар як тоӌик аст. Мо бояд аз ин миллати баруманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кӯшишу ӻайрат намоем.

Аз ин лиҳоз гуфтаниам, ки бигзор Иди Истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад.

Одиназода Ҳуснигул,  раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg