БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРОНАВИРУСРО ҶИДДӢ БОЯД ГИРИФТ!

ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.

Кормандони  масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон вохӯриву суҳбатҳоро  оид ба пандемияи СOVID-19 ва самаранок истифода бурдани замин дар деҳаи Эшма  баргузор намуданд, ки дар он сокинон фаъолона иштирок доштанд.

Дар рафти баргузории чорабинии ҳизбӣ бо усули “хона ба хона”  масъулин  вобаста ба мавҷи дуюми бемории сироятии коронавирус ва захираи  маводи хӯрока бо истифода аз заминҳои корам  андешаронӣ карда , сокинонро таъкид намуданд, ки  риояи гигиенаи шахсӣ, пӯшидани ниқобҳои муҳофизатӣ дар ин давра  муҳим   буда,  барои  раҳоӣ ёфтан аз сироятёбӣ аз бемории ҳамагир ба қоидаҳои беҳдоштӣ ҷиддӣ муносибат намоем.

Инчунин, масъулин дар идома  иброз доштанд, ки   ҳарчи бештар захираи молу маҳсулоти  кишоварзиро тақвият бахшида, рӯзгори хешро дар фасли зимистон  бо маводи озуқаворӣ таъмин намоянд. Сипас, ба онҳо муроҷиатномаи ҳизбӣ, маҳлулҳои антисептикӣ ва ниқобҳои тиббиро  тақсимот карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg