БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАНҲО БО РИОЯИ ҚОИДАҲОИ БЕҲДОШТӢ АЗ КОРОНАВИРУС НАҶОТ ЁФТАН МУМКИН АСТ

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо  максади   таъмини  пешгирии  хатари  бемории  коронавирус  масъулини Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  корҳои  фаҳмондадиҳӣ  ва  омилҳои  пешгирикунандаи  бемориро   тибқи  ахбори расмии  сомонаи  Вазорати  тандурустӣ ва  ҳифзи  иҷтимоии  аҳолӣ миёни   сокинони  деҳаю  маҳаллаҳои  Ҷамоатҳои  деҳот      ба  роҳ  монда  истодаанд.

Дар деҳаи  Корвон-2 намояндагони ҳизбӣ  дар суҳбат  роҳҳои  пешгирии бемории  каронавирусро  бо  усули  «хона  ба хона»  фаҳмонида, таъкид  карданд, ки қоидаҳои  беҳдоштиро дар  хонадонашон  нигоҳ  доранд  ва барои  иҷро ба онҳо варақаҳои  тавсиявии Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  вилояти  Хатлонро тақсим намуданд. Инчунин, бо  мақсади  расонидани  кумак вобаста  ба  безараргардонӣ  аз  ҳисоби  Кумитаи  иҷроия маводи  безараргардонии маҳали зист маҳлули хлор ва 120  адад  ниқобҳои тиббӣ   дастраси  сокинон  карда шуда,   манзили  зисти  онҳо, роҳу  кӯчаҳои  деҳа      безарар  гардонида   шуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg