БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АМАЛҲОИ ХИЁНАТКОРОНАИ НАҲЗАТИЁН ҲЕҶ ГОҲ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАНД

ВОКУНИШ. Чандест, ки филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» бо ошкоро нишон додани амалҳои муғризонаи ТТЭ ҲНИ ва гурӯҳҳои террористию экстремистӣ вирди забонҳост ва ҳамагон бо тамошои филми мазкур бори дигар аз амалҳои ноҷавонмардонаи наҳзатиёни наҳс огоҳ гаштаанд. Албатта намоиши филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» тариқи тамоми шабакаҳои телевизионӣ ба манфиати ҷомеаи сулҳхоҳи Тоҷикистон буда, он бори дигар мардуми тоҷикро огоҳ намуд, ки наҳзатиёни бадкирдор барояшон чи амалҳои бадро кардаанд ва раво дидаанд.

Имрӯз таблиғгарони гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ва ТТЭ ҲНИ дар Аврупо ва дигар кишварҳои олам панаҳ мебаранду боз ҳам ба манфиати хоҷагони хориҷиашон кор мекунанд. Чунки дигар шуғл ё вазифае надоранд, ки ба он машғул шаванд. Зеро онҳо бадкору бадгумону бадрафторанд ва билкул ниятҳои баду муғризона доранд. Онҳо ҳамон муфтхӯрону ғоратгарони солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон мебошанд, ки луқмаи ҳароми худро бо ғорат, куштор, таҷовуз, бадномкунӣ ва ватанфурӯшӣ мехӯрданду зиндагиашонро бо пули ночизи хоҷагонашон бар ивази ноором сохтани вазъ дар Тоҷикистон пеш мебурданд ва то ҳанӯз ин аъмоли бади худро амалӣ кардан мехоҳанд.

Дар қиёс ба ҳама пешравию комёбиҳое, ки миллати сарбаланди тоҷик тавассути сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст овард гурӯҳҳои ифротии наҳзатӣ чи кор карданд? Албатта ба даст додани имконият ҳамоно баҳри пароканда кардани миллати тоҷик, вайрон кардани сохти конститутсионӣ бо амалҳои ноҷавонмардонаашон талош карданду мардуми гумроҳро саргардон ва ба думболи худ кашиданд. Дар зери пардаи дини мубини Ислом баъзе аз ҷавонони ноогоҳро бо фиребу найранг ба доми худ кашиданд. Оё ин мардонагӣ ва мусалмонист? Албатта на!

Пешниҳод ва суханрониҳои пайвастаи Пешвои миллат оид ба терроризму ифротгароӣ дар мисоли ТТЭ ҲНИ хушдорест барои ҷомеаи сулҳхоҳи олам, ки баҳри ҷилавгирӣ аз фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ муттаҳид бошанд. Зеро таҷриба собит намудааст, ки фаъолияти чунин гурӯҳҳо, натанҳо рӯзгори халқу миллатҳои алоҳидаро тира месозанд, балки ба осоиши рӯзгор ва амнияти тамоми халқҳо рӯйи ҷаҳон таҳдид менамояд.

Ҷаҳони муосир имрӯз дар банди моҷарову муаммоҳои сиёсӣ қарор дошта, зуҳуроти номатлубу даҳшатборе чун терроризму экстремизм ба амнияти давлату кишварҳои олам хатари ҷиддӣ эҷод мекунад.

Дар ҳақиқат имрӯз ҳам Кабирӣ бо пайравони бадхӯ ва бадандешаш барои ба даст овардани ҷоҳу ҷалол ва ноором сохтани ҳокимият дар Тоҷикистон ба ҳар коре даст зада истодааст. Вале бояд бидонанд, ки ин ватанфурӯшони фирорӣ дар Тоҷикистон ба касе ё чизе дар ягон давру замон лозим набуданду нестанд.

Мо мардуми сарбаланди Тоҷикистон ҳеҷ вақт намегузорем, ки касе ё чизе Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва оромии мардумро аз мо бигирад. Чунки мо имрӯз аз як гиребон сар бароварда, бо ҳидоят ва дастуру супоришҳои хирадмандони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи 29 сол қадамҳои устувор гузошта истодаему ҳамеша баҳри созандагию ободонӣ талош меварзем.

Орзу Ашуров, аъзои маҳфили  волонтёрони КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg