ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар амал татбиқ намудани Аксияи ҳизбии таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” дар кӯчаи ба номи Исмоил Сомонии Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук корҳои ободонӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб баргузор гардид.
Дар рафти чорабинӣ кормандон ва сокинон масъулияти баланд нишон дода, барои ободу зебо гардонидани маҳал саҳми худро гузоштанд.