БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБИ МО ИНТИХОБИ ПЕШРАФТУ ШУКУФОИИ ТОҶИКИСТОН АСТ

ВОКУНИШ. Ҳар касе, ки осмони соф, тинҷию амонии Ватани худро болотар аз мақсадҳои шахсию гурӯҳии худ медонад, ҳар нафаре, ки ба хотири қудратхоҳиву ҷоҳпарастӣ обрӯи Ватану ҳаммиллатони хешро назди ҷомеаи шаҳрвандӣ паст мезанад, оқибат обу хоки диёр сарнагунаш месозад.

Воқеан дар чунин шароите, ки тамоми давлатҳои хурд ва рӯ ба тараққии ҷаҳонро хавфи дахолати давлатҳои манфиатталаб ба сиёсати дохилииашон таҳдид мекунад, ҳар амали гурӯҳи ба ном мухолифи тоҷик (чаро, ки мухолифи равиши як ҳукуматдорӣ будан, пеш аз ҳама шахси сиёсӣ будан аст. Ва шахси сиёсӣ дар ҳама вазъият амнияти халқ ва беҳбудии рӯзгори онҳоро дар мадди аввал мегузорад. Вале зимнан фаъолияти чандсолаи гурӯҳҳои хилофкор, бахусус роҳбари ТТЭ ҲНИ Кабирӣ  ва ҳатто дар рӯзҳои хавфи сирояти коронавирус ба Тоҷикистон баръакси онро нишон дод), ки дар давлатҳои Аврупо паноҳ бурда, ҳама ҳодисаи кӯчаку камаҳамиятро низ тобиши сиёсӣ медиҳанд, амалест ноҷавонмардона ва хиёнаткорона. Ҳоҷӣ Ҳусайни кангуртӣ дар ин маврид гуфтааст:

Мардуми бегона лоиқ нест андар марҳамӣ,

Мардумонро ҳамчу мардум дар паси девор дор.

Ин чанд нафари хирасар ҳушдори ҳамватанони худро нодида гирифта, гумон мекунанд, ки худ мустақилона бо ҳаёти сиёсии Тоҷикистон  сару кор доранд. Шояд эҳсос кардаанд, ки ба ибораи маъмул бозичаи дасти дигаронанд, вале пастии фитраташон иҷоза намедиҳад, то бо чашми боз ба атроф нигаранд. Нигаранду бубинанд, ки ҳамон ташкилотҳое, ки пуштибонашон ҳастанд бо дигар мамлакатҳои як замон тинҷу осуда чӣ кардаанд. Агар гузаштаи пурфоҷиаи миллати мо ибраташон набуд, пас ба сарнавишти давлатҳои Украина, Либия, Сурия… ва инак ба ҳодисаҳои ба тозагӣ дар Белорусия рухдода таваҷҷуҳ кунанд. Бубинанду эҳсос кунанд, ки чӣ гуна тавассути роҳандозӣ кардани инқилоби ранга бо дасти худи мардуми ҳамон кишвар давлатҳои воҳидро ба майдони ҷангу тазоҳурот мекашонанд. Агар чашми ҳақиқатбин ва андешаву дарки солим дошта бошанд, ҳатман мебинанд, ки ба сари ин мамлакатҳои чӣ харобие омада. Чӣ қадар одамон талаф ёфтаву иқтисодиёти онҳо то чӣ андоза поён фаромадааст. Мебинанд, ки вайрон кардан чӣ қадар осон асту обод кардан чӣ қадар мушкил. Мушкилтар аз ҳама малҳам шудан ба дарди ҳар ҳамватан, ҳар модари фарзандгумкарда, ҳар кӯдаки ятиммонда, оштӣ додани ду бародари ҳамхуни аз ҳам рӯгардонда.

Мо аз таҷрибаи худ медонем, ки осон набуд, вале бо хости Худои меҳрубон ва шарофати Пешвои маҳбубамон мо рӯзҳои сахту сангинро пушти сар кардем. Оре, агар ин суханон ҳазор бор боиси норозигии ин гурӯҳ шавад, агар бо нерӯи қавитар талоши беобрӯ кардани  Ватану миллати мо, бахусус Роҳбари кишвари моро намоянд ҳам, заррае эътирофу эътиқоди мо, мардуми Тоҷикистон нисбат ба он кас кам намешавад. Баръакс ҷавонмардию нексириштӣ ва ватанпарастию инсонпарварии Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қиболи бадию нокасӣ ва чоплусию хиёнаткории саркардагону аъзои ТТЭ ҲНИ хубтару беҳтар эҳсос мешавад.  Шояд онҳо «аз ёд бароварда бошанд», вале мо фаромӯш накардаему намекунем, ки бо айби онҳои тағйиротхоҳон чӣ фоҷиаеро аз сар гузаронидем.

Аз ин рӯ, дар Интихоботи қарибулвуқуи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сари баланд ширкат хоҳем варзид. Интихоби мо интихоби оромию осудагӣ ва пешрафту шукуфоии Тоҷикистон аст.

Нуринисо Ибодуллоева, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант

 

 

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg