БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН - НЕРУИ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА

АНДЕША. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудааст: “Ҷавонон қувваи бузург ва пешбарандаи ҷомеа мебошанд. Нақши онҳо дар ободиву осудагӣ  ва таъмини  дастовардҳои ҷумҳурӣ хело назаррас аст”.

Ҷавонон – нерӯ ва тавони бузурги созандагӣ, эҷодкорӣ ва навовариро доро буда, такягоҳ, умед ва ифтихори давлату ҷомеа  маҳсуб мешаванд.

Дар ҷомеаи мо ҷавононе ҳастанд, ки дар пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвари маҳбубамон нақш ва мавқеи басо муҳимро касб намудаанд. Дар ҳамаи соҳаҳо, чӣ дар соҳаи маориф ва чӣ дар дигар соҳаҳо агар бигирем, вақте ки ҷавон аз саҳни мактаб ба дигар муассисаҳои касбӣ мегузарад, мавқеи муҳимро дар ҷомеа ишғол менамоянд.

Оре, ҷавонӣ маҷроест пуртуғён, ҳаётест пур аз шодиву фараҳ, лабрез аз розу ниёз, меҳру муҳаббат ва орзуву нишоти ширин. Дар ҷавони илм омӯхтан  ҳамчун нақшест бар рӯи санг гузошта, ки бардавому устувор хоҳад монд. Ба омӯзиши илму дониш майл кардани ҷавонон далели он аст, ки онҳо хуб дарк кардаанд, ки шахси  бо илму маърифат дар ҳама ҷо соҳиби иззату икром аст ва чун хуршедест, ки атрофиёнро бо нури маърифат гармӣ мебахшад.

Бояд зикр намуд, ки омӯхтани як илм басандагӣ надорад, чунки олими беамал ба занбӯри беасал монандӣ дорад. Барои ҳамин ба ҷавонон зарур аст, ки донишҳои омӯхтаашонро дар амал татбиқ намоянд.

Чунончи, донишманде перомуни ин мавзӯъ фармуда: “Нерӯи ҷавонӣ неъматест, ки бар ҳама як бор ҳадя шудаасту он бояд тарбият пазирад”.  Бе иштироки бевосита ва фаъолонаи ҷавонон дар ислоҳоти иқтисодию иҷтимоии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидан ғайриимкон аст.

Тибқи маълумоти оморӣ, имрӯз 18% аҳолии сайёра ҷавононанд. Дар Тоҷикистон бошад, шахсони синнашон то 30 сола 70% аҳолиро ташкил медиҳанд. Аз ин бармеояд, ки ояндаи наздик дар идоракунии давлати мо на ба таври муназзам ва пай дар пай, балки имкони якбора ба насли ҷавон гузаштани онро дорад. Бо ин нерӯи базург фаро гирифтани ҷомеа, ҳалли мушкилоти он ва истифодаи оқилона  аз ин натиҷаи стратегияи миллӣ баҳри ободиву  шукуфоӣ ва таъмини амнияту суботи ҷомеа  хеле муҳим аст. Агар давлати мо аз назари иҷтимоӣ  яке аз давлатҳои ҷавон  маҳсуб гардад, пас мо таҳти мафҳуми  “ҷомеа” бояд ногузир ҷавононро   дар назар дошта бошем ва қабл аз ҳама “мушкилоти ҷавонон”-ро ҳамчун мушкилоти тамоми ҷомеаи Тоҷикистон арзёбӣ намоем.

Хушбахтона, имрӯзҳо дар партави сиёсати хирадмандонаи  Пешвои  миллат устодони  ботаҷриба дарсҳои сиёсиро дар байни донишҷӯён мегузаронанд, ки он омили баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва бедор намудани ҳуввияти миллӣ  дар байни ҷавонон мебошад.

Бояд ёдовар шуд, ки дар яке аз суханрониҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо ҷавонони лаёқатманди кишвар омадааст: “Мо бояд сиёсати давлатии ҷавононро дар қатори масъалаҳои стратегии давлатӣ гузорем, зеро иштироки  ҷавонон дар раванди бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон мақоми ҳалкунанда дошта, тақдири ниҳоии раванди мазкур аз бисёр ҷиҳатҳо ба ин қувваи бузург сахт алоқаманд аст”.

Ҳамин тариқ, ба маврид аст, ки бигӯем, ки Ватанро дӯст доштану аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки туфайли тарбияи ҷавонон дар заминаи онҳо, воқеан, ҳам метавон давлати муқтариду тавоно бунёд кард.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи баромадҳояшон ҷавононро ояндаи миллат медонанд. Ин  моро водор месозад, то бо маърифату  ҷаҳонбинии васеъ  баҳри афзун намудани нуфузу эътибори миллат саъй намоем. Маҳз ин аст, ки мо пайгири суханҳои сарвари давлат ҳастем.

Мо-ҷавонон ба ҳайси давомдиҳандаи кору пайкори аҷдодони худ, пайравони Пешво миллат ва Созандагони имрӯзу фардои Втан кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дар ояндаи низ барои боз ҳам гулгулшукофонтар намудани Тоҷикистони азиз, аз пешрафти илму техника баҳравар шавем, мисли давлатҳои абарқудрат пешсаф бошем. Бояд ҳар яки мо ҷавонон пайваста аз паи дарёфти илму дониш бошем, зеро ояндаи кишвари маҳбубамон дар дасти мо ҷавонон аст.

Имрӯз мо насли ҷавон бояд он эътимодеро, ки Ҳукумати кишвар нисбат ба мо  доранд, ҷовобгӯ бошем ва ин аз мо масъулияти баландро дар назди Ватан – модар ва ҷомеаи азизамон  талаб менамояд ва моро вазифадор месозад, ки бо нерӯи созандагиву бунёдкор пайи омӯзиш бошем ва дар пешрафту тараққиёти тамоми саҳаҳои ҳаёти ҷомеа нақши худро  гузорем. Танҳо бо ин васила мо метавонем бо пуштибонӣ аз Ватану миллати хеш мақоми мамлакати худро дар байни дигар кишварҳои олам зинна ба зинна боло бардорем.

Каримов Маҳмаднозир, муовини директори МТМУ №1-и шаҳри Норак  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg