БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Пешвои миллат: Ба қадри бузургтарин неъмату дастовардҳои зиндагиамон - Истиқлолияту озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ ва Ваҳдати миллӣ бирасем!

МУЪМИНОБОД.Дар деҳаи Боғи Ҳабиби ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Муъминобод бо ҷавонон ва фаъолони маҳаллаи мазкур маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар маҷлис муовини раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Гулсунбӣ Раҷабова ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Рамазон Ҳайдаров  иштирок ва суханронӣ намуданд.

Масъулин дар назди иштирокдорон оид ба суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар, ки рӯзи 12 майи соли ҷорӣ баргузор гардид, суханронӣ намуданд.

Инчунин, дар баробари шарҳу тавзеҳи мулоқоти Пешвои миллат бо аҳли зиёи кишвар Гулсунбӣ Раҷабова ва Рамазон Ҳайдаров оид ба Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  афзоиш додани сафи ҳизб, зиёд намудани шумораи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣандешаронӣ намуда, сокинони деҳаро бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрику муборакбод гуфта, ба корҳои неки хайру сахо даъват карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg