
КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон намояндагони гурӯҳи тарғиботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб атрофи мавзуи пешгирии коронавирус ва истифодаи ҳар қитъа замин дар ташкилотҳои ибтидоии шаҳри Кӯлоб мунтазам вохӯриҳои судманд анҷом дода, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд.
Зимни баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Офтобак” аз ҷониби масъулини ҲХДТ ба иштирокдорон тавсияҳои судманд дода шуд.
Минбаъд низ чунин мулоқотҳо дар шаҳраку маҳалаҳои шаҳри Кӯлоб идома хоҳад ёфт.