БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШГИРИИ БЕМОРӢ АЗ ТАБОБАТИ ОН ОСОНТАР АСТ

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати пешгирии мавҷи дуюми хатари бемории коронавирус масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва омилҳои пешгирикунандаи бемориро миёни мардум ҳамарӯза ба роҳ монда истодаанд.

Чунин чорабинии ҳизбӣ бо сокинони деҳаи Пахтакори Ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабов доир гардида, намояндагони ҳизбӣ дар суҳбат бо сокинон доир ба роҳҳои пешгирии бемории каронавирус андешаронӣ карда, таъкид намуданд, ки пешгирии беморӣ аз табобатӣ он осонтар аст, бинобар ин баҳри  муҳофизат аз  ин бемории сироятӣ  бояд қоидаҳои беҳдоштию санитариро риоя намоем.

Дар идома ба сокинон варақаҳои тавсиявии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон тақсим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg