БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БОЙИГАРИИ МО АЗ ЗАМИН АСТ

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои  миллӣ. Бо мақсади омодасозии барномаҳои давлатӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба истифодаи самараноки замин дар ноҳияи Восеъ тадбирҳо амалӣ гардида истодаанд.

Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар   кӯчаи ба номи Абулқосим Лоҳутии Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук бо усули “хона ба хона” корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба масъалаи мазкур роҳандозӣ намуда, онҳоро ба меҳнати софдилона дилгарм сохтанд. Инчунин, таъкид карданд, ки боигарии деҳқон аз файзу баракати замин аст.

Кормандони масъули Кумита аз заминҳои наздиҳавлигии сокинон дидан намуда, ба хулосае омаданд, ки онҳо аз замин хеле самаранок истифода намудаанд. Дар заминҳои сокинон, ки ба онҳо суҳбат гузаронида шуд, маҳсулотҳои барои зиндагии рӯзмарра лозимаро дидан мумкин аст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg