БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХОИНОН БА МАҚСАД НАМЕРАСАНД

ВОКУНИШ. Замони муосир бо паҳлуҳои мураккаб, равандҳои истеъмолгарона, ки хоси кишварҳои абарқудрат мебошанд, баъзе аз мамолики Шарқи наздик, араб ва осиёро ба гирдоби фалокатҳои тасаввурнопазир  мувоҷеҳ сохт. Вазъи бе ин ҳам печидаи муташанниҷи ҷаҳонӣ имрӯз  бо  оташафрӯзии ҷангҳои динию мазҳабӣ печидатар гардид. Солҳои охир дар фазои сиёсии сайёра гурӯҳҳои ифротие рӯи саҳна омада истодаанд, ки бо амалҳои зишт ва террору куштори худ ҷомеаи ҷаҳониро нигарон кардаанд ва ба амнияти қариб тамоми мамлакатҳои рӯи дунё хатари ҷаҳонӣ таҳдид намуда истодаанд.

Дар мамлакати мо низ аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон гурӯҳҳои алоҳидаи ҷомеа  таҳти таъсири андешаҳои тундгароёнаи доираву нерӯҳои бадхоҳи хориҷӣ қарор гирифта, ватанамонро ба гирдоби низоъҳои дохилӣ ва мухолифати мусаллаҳона кашида, то ҳоли ҳозир ба сулҳи пойдору ваҳдати ягона монеа эҷод намуда истодаанд.

Боиси тазаккур аст, ки баъзе ҷавонони мо низ бо роҳҳои гуногун ба ин гурӯҳҳои ифротӣ  ҳамроҳ шуда, ҷони худро дар хатар мегузоранд ва ба куштору ғорат ва дигар кирдорҳои  бад  даст  мезананд.

Имрӯз ҳар як фарди худогоҳи кишвари мо, алалхусус ҷавононро  зарур аст, ки саъю кӯшиши хешро дар роҳи хотима гузоштан ба ин муноқишаҳои фоҷиабор, марги одамони бегуноҳ равона намоянд. 

Бадбахтона, ҳамаи ин бозиҳо аз ҷониби кишварҳои манфиатдор бо дасти гурӯҳу созмонҳои ифротии экстремистӣ- террористӣ амалӣ карда мешаванд, ки зери парчаму шиорҳои алоқаманд бо дини мубини Ислом фаъолият доранд. Мо ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунем, ки моро ба майдони ҷангу ҷидолу хунрезӣ кадом қувваҳо кашида буданд. Ҳамин қувваҳо боз талош ба харҷ дода истодаанд, ки офтоби сулҳу ваҳдати моро боз зери абрҳои сиёҳ ниҳон созанд.

Чунин амалҳои ноҷавонмардона боиси он гашт, ки  санаи 4 сентябри соли 2015 ҲНИ бо мақсади амалӣ намудани нақшаҳои тарҳрезинамудаи худ, бо мақсадҳои ғаразнок  гурӯҳи террористиро  бо роҳбарии Назарзода Абдуҳалим Мирзо бо тахаллуси ҳоҷӣ Ҳалим ташкил намуда, дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат ҳамлаҳои мусаллаҳона анҷом доданд, ки дар натиҷа чандин нафар кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҷони худро аз даст доданд.

Бояд қайд намуд, ки ҳоҷӣ Ҳалим тарбиякардаи ҲНИ буда, зери назорати хоҷаҳои хориҷиаш қарор доштааст.

Эълон намудани ҲНИ ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки роҳбарии онро  Муҳиддин Кабирӣ ба уҳда дошт, саривақтӣ буда, амалҳои ноҷавонмардонаи ӯ боиси нафрат гаштааст.   

Имрӯзҳо мамлакатҳои хориҷӣ, бахусус Эрон ба собиқ  роҳбари ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ паногоҳ  дода,  барои амалӣ намудани амалҳои ӯ дасти ёрӣ дароз карда истодаанд. Онҳо аз минбарҳои баланд худро  бо Тоҷикистон ҳамватану ҳамхун, ҳамзабон, бародар  ва ҳамдин шуморида,  дар асл барои амалӣ намудани мақсадҳои ғаразнокӣ худ замина мегузоранд. Аз ҷумла даҳаи сеюми моҳи декабри соли сипаригашта аз тарафи Ҷумҳурии Исломии  Эрон Муҳиддин Кабирӣ ба таври расмӣ барои иштирок дар  конфронси «Ваҳдати исломӣ», ки дар шаҳри Теҳрон баргузор шуд, даъват гардида, ҳамчунин дар конфронс баромад намуд. Ҳол он ки Муҳиддин Кабирӣ дар ҷустуҷӯи байнанмиллалӣ қарор дорад.

Муҳиддин Кабирӣ бо ҳаммаслакони худ бо мақсади амалӣ намудани ғаразҳои нопокӣ худ  ба ҳама амалҳои зишт  қодиранд.

Аз ин рӯ мо ҷавонони Тоҷикистон аз аҳли ҷомеа бахусус ҷавонон даъват ба амал меорем, ки насли наврасро дар рӯҳияи арзишҳои миллӣ, суннатҳои ниёгон ва гиромидошти марзу бум тарбия намоем.    

Хайруллозода Баҳодур ,  мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии омори КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак         

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg