БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БОЙИГАРИИ ДЕҲҚОН АЗ ЗАМИН АСТ

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинолхти бештари манфиатҳои миллӣ.Бо мақсади омодасозии барномаҳои давлатӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба истифодаи самараноки замин дар ноҳияи Носири Хусрав тадбирҳо амалӣ гардида, аз ҳисоби заминҳои бекорхобида майдони кишти картошкаву  пиёз, помидор ва дигар зироатҳои ғалладонагию полезӣ зиёд карда шудааст.

Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар маҳаллаи  Ҳайдарободи  Ҷамоати деҳоти Наврӯз бо усули «хона ба хона»  ва  дар  байни  кормандони  саҳро корҳои  фаҳмондадиҳиро  оид ба  масъалаи  мазкур роҳандозӣ  намуда,    онҳоро ба меҳнати софдилона дилгарм сохта таъкид  намуданд, ки  боигарии  деҳқон аз файзу баракати замин  аст.

Дар навбати худ хоҷагидрон аз дастгириҳои фаровони давлату ҳукумат нисбат   ба дастрасии деҳқон ба замин изҳори миннатдорӣ карда,  ваъда доданд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Сарвари давлат кӯшиш мекунанд, ки дар таъмини бозори дохилӣ   ва  маҳсулоти хушсифат ҳиссаи бештар гузоранд.

Ҳамзамон,  оид ба пешгирии  бемории  сироятии  «КОВИД-19» риоя  намудани  қоидаҳои  беҳдоштӣ, худдорӣ    аз  баргузории ҳар  гуна  маъракаҳо, мунтазам  пӯшидани  ниқобҳои  тиббиро  ба  сокинон фаҳмониданд.

Дар охир   ба сокинон  барои  безараргардонӣ  маҳлули  гиплохлориди  калсий  ва 140 адад  даҳонбандӣ  муҳофизатӣ  тақдим  карда  шуд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg