БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БЕҲТАРИН ТАБОБАТ РИОЯИ ГИГИЕНАИ ШАХСИСТ!

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинолхти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати   пешгирии мавҷи  дуюми  хатари  бемории  коронавирус   масъулини Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  корҳои  фаҳмондадиҳӣ ва  омилҳои  пешгирикунандаи  бемориро   тибқи  ахбори расмии  сомонаи  Вазорати  тандурустӣ ва  ҳифзи  иҷтимоии  аҳолӣ   миёни   мардум   ҳамарӯза ба  роҳ  монда  истодаанд.

Чунин чорабинии ҳизбӣ бо  сокинони  деҳаи  Қора  камари  Ҷамоати деҳоти Наврӯз доир гардида,  намояндагони ҳизбӣ дар суҳбат  доир ба роҳҳои  пешгирии бемории  каронавирус,  ҳамчунин   самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ    андешаронӣ карда, таъкид  намуданд, ки  беҳтарин   табобат ин ба  изтироб дода  нашуда,  ба қоидаҳои беҳдоштию санитарӣ риоя намоянд. Ҳамчунин  огоҳ  намуданд, ки  қоидаҳои  беҳдоштро дар  хонадонашон  нигоҳ  доранд  ва барои  иҷро ба онҳо  варақаҳои  тавсиявии Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  вилояти  Хатлонро тақсим намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg