БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Хештанро хайр хоҳӣ, хайрхоҳи халқ бош!

ЛЕВАКАНТ. Тибқи дастуру супориш ва ҳидоятҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи иду ҷашнҳои давлативу миллӣ, ки моҳи шарифи Рамазон моҳи мубораку хайру сахо, некӯкорӣ аст,  дасти кӯмак расонидан ба шахсони маъюбу бепарастор, собиқадорони ҷангу меҳнат, ятимону барҷомондагон яке аз фазилатҳои неки дини мубини ислом ба ҳисоб меравад.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро сармашқи кору фаъолияти худ қарор дода,  бахшида ба фарорасии моҳи шарифи  Рамазон ва Рӯзи оила ба аёдати маъюбону шахсони яккаву танҳо рафта, бо онҳо суҳбати самимона анҷом доданд.   

Зимни суханронӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант  аз сиёсати ғамхоронаву ватандӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати шахсони эҳтиёҷманду бепарастор, маъюбону ятимон, барҷомондагон ёдовар шуда, зикр карданд, ки  шумо ҳеҷ гоҳ танҳо нестед, ҳамеша дар таҳти назорати давлату Ҳукумат ва зери таваҷҷуҳу дастгирии  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  қарор доред.  

Дар охир ба онҳо кӯмаки яквақтаи маводи хӯрока расонида шуда, шахсони эҳтиёҷманди ҷомеа иқдоми неки ҳизбиёни шаҳри Левакантро давоми ғамхориҳои пайвастаи Роҳбари давлат донистанд ва изҳори миннатдорӣ баён карданд.     

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg