БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Рушди соҳаи сайёҳӣ омили пешрафти иқтисодиёти кишвар аст

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Зари Кӯлоб” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ оид ба моҳияти эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ маҷлис баргузор гардид.

Дар баргузории маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Зари Кӯлоб” Ҳакимов Шоҳқурбон иштирок ва баромад намуданд.

Дар мулоқот Валиева Саъбагул баромад намуда, қайд кард, ки сайёҳиро ҳамчун соҳаи муҳими иқтисодиёти Ҷумҳурири Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба назар гирифта, соли 2018-ро  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон доштанд. Cоҳаи туризм дар марҳилаи муосир яке аз рукнҳои ҷараёни ҳамгироии ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, ба ҳайси яке аз бахшҳои муҳимми иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ имкон дорад робитаҳои судманди байни кишварҳоро таъмин намояд. Ҷанбаи дуюми эъломияи сол-рушди ҳунарҳои мардумӣ давоми мантиқии сайёҳӣ буда, заминаи пешрафти ояндадори дастэъҷоди мардуми ҳунарманди кишвар мегардад.

Инчунин, Ҳакимов Шоҳқурбон дар суханронии худ қайд дошт, ки яқинан медонем, ки пешрафти ояндаи кишварамон ба рушди соҳаи сайёҳӣ марбут аст. Дар ин росто мо узви ҳизбро зарур аст, ки Ватани биҳиштосои худро бо тамоми ҳунарҳои мурдумӣ ва ҷойҳои диданӣ бо фарҳанги баланди миллӣ ба сайёҳони дохил ва хориҷ муаррифгар буда, барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ пайваста иқдом намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg