ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Имрӯзҳо дар тамоми воситаҳои ахбори омма барои пешгирӣ аз мавҷи дуюми коронавирус маслиҳату пешниҳодҳо карда шуда истодааст. Дар ин мавзӯъ Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон ҳамарӯза бобати ин масъалаи муҳим, яъне ҳифзи солимии ҷомеа вохӯриҳо бо аҳолӣ гузаронида истодааст.
Тибқи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон вохӯриву суҳбатҳо оид ба мавҷи дуюми ин бемории ҳамагири СOVID-19 дар деҳаи Челониҳо баргузор намуда, дар рафти чорабини таблиғотӣ ба сокинон муроҷиатномаҳои ҳизбӣ,маҳлулҳои антисептикӣ ва ниқобҳои тиббӣ тақсимот карда шуданд, инчунин таъкид гардиданд, ки дар ҷойҳои серодам аз маҳлулҳои антисептикӣ ва ниқобҳои тиббӣ истифода баранд.