ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинолхти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади ба мардум фаҳмонидани дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ оид ба истифодаи самараноки замин дар асоси Аксияи таблиғотии “хона ба хона” кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг ҳамарӯза бо заминистифодабарандагон суҳбат мегузаронанд.
Чунин вохӯрию суҳбат дирӯз дар деҳаи Саросёби Ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо гузаронида шуд. 83 нафар иштирокдорон аз суҳбатҳои доирнамуда ҷиҳати ҳар чи бештар захира намудани маводи ғизоӣ барои зимистонгузаронӣ маълумот пайдо намуданд.