ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус бо усули “хона ба хона” ба бошандагони кӯча, маҳалла ва деҳаҳо суҳбатҳо доир менамоянд.
Чунин суҳбати судманд ба сокинон дар кӯчаи Шамсиддин Шоҳини шаҳраки Ховалинг гузаронида шуд, ки дар он бештар аз 82 нафар соҳибхонаҳо иштирок намуданд.
Дар суҳбатҳо ба иштирокдорон фаҳмонида шуд, ки бемории Ковид -19 дар ҷумҳурӣ пурра аз байн бурда нашудааст. Ҳоло ҳам гирифторшавӣ ба ин беморӣ дида мешавад. Аз ин рӯ, мардум набояд нисбати ин бемории ҳамагир бепарво бошанд ва қоидаҳои беҳдоштиро риоя намуда, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода баранд.