БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХУШҲОЛИИ ҶАВОНОН АЗ СИЁСАТИ ПЕШГИРИФТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

АНДЕША. Боиси сарфарозии мо - ҷавонон  аст, ки татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, барои дастгирии мо - ҷавонон ва дар умум рушди сиёсати мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои дурандешона тамоми имкониятҳои муосирро фароҳам оварда, ба масъулини ин ҷода пайваста дастуру супоришҳои оқилона медиҳанд, ки ин иқдомҳои нек ва бомаврид аз таваҷҷуҳи хоса ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат нисбат ба мо - ҷавонон, ки нерӯи созанда ва давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол мебошем, шаҳодат медиҳад.

10 декабри соли 1994 баъди пош хӯрдани давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ дар фазои сиёсии кишвари соҳибистиқлоламон таъсис ёфтани ҳизби наве бо номи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон миллати ҷафокашидаи тоҷикро аз гирдоби ноумедиҳо, нобасомониҳо ва фитнаву иғвои ҳангомаҷӯёну бадхоҳон  тавонист раҳо диҳад. Маълум буд, ки ҳадафи асосии ҲХДТ хизмат ба халқ ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои халқ буд. Маҳз ҳамин ҳадафҳои олӣ, ки аз сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба ҳизби роҳбарикунанда табдил дод.

Дар ин замина дар тӯли 29 соли Истиқлолият мо ба кадом дастовардҳо ноил гардидем, дар ин ҷо лозим намешуморам, ки зикр намоям, зеро аллакай ба ҳама маълум аст, ки дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ба дараҷае зиёд ва хушбахткунанда буда, ҳар як фарди кишвар медонад ва таҳсин ҳам мегуянд.

Мо ҷавонон ба ҳайси як нерӯи бузурги бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеа эътироф гардидаем. Ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба  ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишомӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои  муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди  илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд.          

Бо ин далел аз ҷониби сарвари давлатамон эълон гардидани соли 2017  ҳамчун “Соли ҷавонон” фикр мекунам мақом ва нуфузи ҷавонони кишваро то дараҷае боло бурд ва дар ин раванд масъулияти ҷавононро зиёд намуд.

Дар ҳар давру замон ҷомеа ба нерӯи муттаҳидкунанда ва пешбаранда ниёз дошту дорад ва дар акси ҳол бо тақозои ҳаёт, замона ба буҳронҳои амиқи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Дар ин раванд мехоҳам диққати Шуморо нисбати саҳми ҷавонон дар муаррифии Тоҷикистони азиз ва манфиатҳои миллӣ ҷалб созам.

Саҳми ҷавонон дар рушду нумуъ ва муаррифии Тоҷикистони соҳибистиқлол назаррас буда, ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол тавонист, ки дар тули 28 соли истиқлолияти хеш ҷавонони шуҷоъ ва ватанпарвареро парвариш диҳад.

Имрӯзҳо бояд ҷавонон ва шаҳрвандонро таъкид намоем, ки нисбат ба солҳои қаблӣ зирактару ҳушёртар бошанд. Зеро аз ВАО ҳамарӯза мебинем, ки авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ мураккабтар шуда истодааст. Душманон дигар бо яроқ не, бо тафаккур, ахлоқ, идрок, фарҳанг ва дин ҷанг мекунанд.

Бармаъло мушоҳида мешавад, ки ин пешравии давлати моро баъзе аз гурӯҳҳои нохалаф нахоста, бо ҳар роҳу усул маҳз ҷавонони кишварро фикру тафаккурашонро дигар намуда, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, расонаҳои хориҷӣ ва дигар роҳҳо оромии кишварамонро халалдор кардан мехоҳанд.

Айни ҳол ҷавононро бояд ба як роҳи созанда равона кард, ки вагарна аз қувваи ҷавонон дигар давлатҳои манфиатҷу истифода мекунанд. Ба монанди оне, ки нохалафон тавонистанд ба музди ночиз ва зери калимаи “ҷиҳод” шуморе аз ҷавонони моро тафаккур ва андешаҳояшонро дигар намуда, ба қавле “мағзшӯӣ” намуда, ба ҷангҳои Сурия ва Ироқ сафарбар намоянд, ки ин дассисабозиҳои давлатҳои абарқудрат ҳисобида мешавад.

Таърих исбот сохт, ки Тоҷикистон дар як муддати хеле кӯтоҳи соҳибистиқлолӣ тавонист аз уҳдаи  се ҳадафҳои стратегии хеш – «Расидан ба истиқлолияти энергетикӣ», «Таъмини амнияти озуқаворӣ» ва «Раҳоӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ» сарбаландона барояд. Яъне,  рӯз то рӯз Тоҷикистони азизамон рӯ ба тараққӣ ниҳода, ба сӯи ҳадафҳои созандаи хеш, хосса ҳадафи чоруми кишвар - «Саноатикунонии Тоҷикистон» қадамҳои устувор гузошта истодааст.

Дар пеш мо маъракаи сиёсӣ, аз қабили интихоботи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дорем, ки ин моро водор мекунонад, ки масъулиятнок ва зираку ҳушёр бошем.

Дар интиҳо аз як сухани маъруфи Пешвои муаззами миллат ёдовар мешавем, ки дар ҷашнҳои миллиамон доимо такрор менамоянд: “Тоҷикистон ба пеш!”

Ғафурзда Фирдавс,   роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Норак

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg