БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

26 СОЛИ ПУРСАМАРИ ҲХДТ

АНДЕША. Дар шароити имрӯзаи ҷаҳони муосир, ки  бисёр даврони пурпечутобу ҳассос аст,  барои расидан ба ҳадафҳои барномавӣ дилҳоҳ миллату давлат, бахусус Тоҷикистони соҳибистиқлоли моро нерӯи сиёсие лозим аст, ки мардуми Тоҷикистонро бо ғояҳои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, сарҷамъиву Ваҳдати миллӣ ва волоияти қонун муттаҳид намуда, дар сафи пеши раванди бунёдкории Ватан қарор диҳад.

Чунин ғояро ҳанӯз бистушаш сол пеш Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташкили ҳизби нав - Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба миён гузошт.

Самараи он аст, ки то имрӯз сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, пешрафти иқтисоду иҷтимоиёт ва торафт беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум зиёд ба назар мерасад.

Дар тӯли 26 соли фаъолияти худ ҲХДТ  ба дастовардҳои зиёде дар ҷодаи сиёсати дохилию хориҷӣ ноил гардида, дар  бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона аз лиҳози иқтисодӣ тараққиёбанда ва беҳдошти сифати ҳаёти мардум равона шудааст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба хиради олии сиёсӣ, сифатҳои ҳамидаи ахлоқӣ ва маънавиёти баланди аъзои худ такя намуда, донишу маҳорати онҳоро ба амалӣ гардонидани ғояҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои барномавии хеш сафарбар менамояд. Ҳамчунин ба таҳкими истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат мусоидат мекунад. То имрӯз ҲХДТ аз уҳдаи ҳамаи он мақсадҳои барномавӣ ва пешгузоштаи хеш бо сарбаландӣ баромадааст.

Ҳизб ҳамаи барномаҳои худро  бо дарназардошти таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ барномарезӣ кардааст ва оянда низ ҳамқадами ҷомеаи муосир ба сӯи ояндаи боз ҳам  дурахшони худ харакат мекунад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи сарнавиштсози таърихро сарбалондона тай намуд ва имрӯз ба  як ҳизби созанда ва муттаҳидсози ҷомеаи кишвар табдил ёфтааст.

Тавре, ки Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар яке аз анҷуманҳои Ҳизб қайд намуданд: Ҳизби мо ба сифати нерӯи муқтадири сиёсии кишвар барои воқеан амалӣ гардидани озодиҳои сиёсиву иқтисодӣ, аз қабили гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, озодии сухан, матбуот ва эътиқод, интихоботи шаффофу демократӣ, волоияти қонун, иқтисодиёти гуногуншакл, рақобати озоди иқтисодӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва монанди инҳо ҳамчун ҳадафҳои барномавии худ то имрӯз талош меварзад.

Бале, маҳз садоқату самимияти хоса, эҳсоси баланди меҳанпарастию ифтихори ватандорӣ, ғамхорию назари  хайрхоҳона ба халқу миллати куҳантамаддун ва ниҳоди поку қалби саршор аз муҳаббати Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки сол ба сол Тоҷкистони азизи мо ободтару зеботар гардида, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб меафзояд.

Тоҷикистони азизи мо, аз баракати сисёсати хирадмандонаю ҷавонпарваронаи Пешвои миллат имрӯз ба марҳалаи нави тарақиёти худ  таҳким ва густариши беш аз пеши дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ва ба ин васила бунёд сохтани ҷомеаи навини воқеан демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дохил шудааст.

Қумринисо Гулмуродзода, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg