БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБИЁН ДАР ПЕШГИРИИ COVID-19 САҲМГУЗОРАНД

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинолхти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи иҷроия Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб бо сокинони деҳаи Чорбоғ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияи ҲХДТ, маъракаи муҳими сиёсӣ- интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии судманд доир намуд.

Мавсуф зимни суҳбат  оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус ва нишонаҳои пайдоиши ҳарф зада, иброз дошт, ки роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳию безараргардонӣ ба хотири пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла мавҷи дуюми  коронавирус мебошад. Аз ин лиҳоз  ба ҳаргуна овозаҳои бардурӯғ дода нашуда, барои ҳифзи солимии худ ва ҷомеа аз қоидаҳои беҳдоштӣ самаранок истифода намоянд. Сипас, ба ҳамагон  барои  маълумоти бештар пайдо намудан аз ин бемории ҳамагир варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg