БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА ДАСТОВАРДҲОИ ОН

АНДЕША.  Истиқлолият ба Тоҷикистон тамоми мустақилияти томро дар ҳамаи сиёсатҳои дохилӣ, хориҷӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодию иҷтимоӣ кафолат додааст.

Аз ин хотир мо тоҷикон фахр аз он мекунем, ки як давлати кӯчак бо теъдоди зиёда аз чор миллион аҳолӣ соҳибистиқлол буда, баробари давлатҳои абадқудрат дар Созмони миллали муттаҳида овозу нуфузи худро доро мебошем ва узви ин созмонҳои бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ  ба ҳисоб меравем. Ҳамчунин тавассути соҳибистиқлолӣ имрӯз Тоҷикистони азизи мо таҳти сарварии фарзанди фарзонаи миллат сарсупурдаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли 29  соли соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои кайҳонӣ мувофиқ гардида, мардумро ба зиндагии шоиста расонида  истодаем.  Тавре, ки рӯзҳои наздик Пешвои миллат бо сафари расмӣ ба ноҳияҳои вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доштанд, аз дастовардҳои ин минтақаи кӯҳистони дурдасттарини Тоҷикистон дидан намуданду оғози корхонаҳои азиму хурдро ҳусни ифтитоҳ қарор доданд. Мардуми кӯҳистони Бадахшон аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат хело шоду хуррам гардида,  ба Сарвари оқилу донои мо ваъда доданд, ки мо барои расидан бар ҳадафҳои чоруми  стратегии Тоҷикистон саҳми худро мерасонем.

Махсусан Пешвои миллат ба сокинон ишора карда гуфтанд, ки ман ҳангоми сафари аввалинам ба минтақаи Бадахшони кӯҳи иброз намуда будам, ки Бадахшон дарвозаи тиллоии Тоҷикистон мешавад. Акнун ба боварии кул метавон қайд ва иброз кард, ки Бадахшон баъди соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба “ Дарвозаи Тиллоӣ” мубаддал гардидааст. Аз ин хотир ҳар як фарди солимфикр бояд ба қадри ин дастовардҳои беназири Тоҷикистон дар 29-соли соҳибистиқлолӣ бирасаду Истиқлолияти Тоҷикистонро чун гавҳараки чашм аз ҳамаи бадбахтию бадхоҳон ҳифз намоянд.

Зеро танҳо муттаҳидӣ ва ташаккули афкори миллии мо метавонад моро атрофи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муттаҳид сохта, баҳри амалии ҳадафи чоруми стратегии кишвар “ Индустриаликунонии босуръати кишвар” ба мақсаду мароми хеш бирасем. Хулоса барои расидан ба мақсадҳои ниҳои худ танҳо ва танҳо ороми ва сарҷаъмии ҳамаи қишрҳои ҷомеаи имрӯзаи тоҷикион шарт ва заруранд.

Агар мо ҳама атрофи Пешвои миллат муттаҳид шуда, ба муқобили ҳамаи зуҳуроти номатлуб, душманони миллат муборизаи дастаҷамъона барем ҳеҷгоҳ ягон қувва ва бадхоҳони миллат мақсадҳои нопокашро дар кишвари мо амалӣ карда наметавонад.

КАРИМЗОДА  Пирмуҳаммад, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара                                                          

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg