КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аъзо ва фаъолони Хизби Халқии Демократии Точикистон дар шаҳри Кӯлоб баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ чиҳати иҷрои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, корҳои фаҳмондадиҳиро дар кӯчаву маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб ба роҳ мондаанд.
Бо ташаббус ва дастгириҳои ташкилоти ибтидоии “Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим” масъулини ин ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ варақаҳои тавсиявиро,ки баҳри пешгирӣ аз коронавирус тавсия шудааст, дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб тақсим намуда, маводҳои таблиғотиро дар мавзеҳои чашмрас насб намуданд.
Сокинон ин иқдоми ҳизбиёнро ба манфиати кор шуморида, миннатдории хешро иброз доштанд.