ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз дар ташкилоти ибтидоии “Навобод” дар деҳаи Янгиободи Ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматов дар якҷоягӣ бо раиси маҳаллаи Янгиобод Норматов Низом ва мудири бунгоҳи тиббии деҳа Ҳайбуллоева Барно бо аҳолӣ бо усули “хона ба хона” вохӯрию суҳбатҳо оид ба пешгирӣ аз бемории сироятии (COVID - 19) ва риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ бо мақсади пешгирӣ аз касалии сироятии коронавирус корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ба онҳо муроҷиатномаи ҲХДТ-ро тақсим намуданд.