БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мулоқоти Пешвои миллат бо намояндагони ҷомеаи кишвар дар маҳал дастгирӣ ёфта истодааст

ЁВОН. Мутобиқ ба ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо чанде қабл аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар деҳаи Тутчашмаи ҷамоати деҳоти Даҳана  бо иштироки фаъолони деҳаи мазкур вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ аз ҷониби муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон  Абдуллоева Саёҳат бобати мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолону зиёиёни кишвар, ғамхориву дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  нисбати таъмини зиндагии шоистаи мардум,  тарғиби арзишҳои миллӣ, фарҳанги либоспӯшӣ, баррасии Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», тарғиби тарзи ҳаёти солим андешаронӣ намуд.

Иштирокдорони вохӯрӣ сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатро бо самимияти хосаву меҳри беандоза нисбат ба давлату миллатро  хуб пазируфта,  якдилонаву дастаҷамъона дастгирӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg