ДӮСТӢ.Тибқи нақшаи пешбинишудаи вохӯриву суҳбатҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар ташкилоти ибитидоии ҳизбии «Лоҳутӣ» вохӯрӣ доир гардид.
Зимни суханронӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ моҳияти мулоқоти Пешвои миллат бо садри ҷомеа, ки санаи 12 майи соли равон баргузор гардид, ба ҷамъомадагон фаҳмониданд.
Инчунин, дар ин раванд оқибатҳои хавфноку паёмадҳои коррупсияро мавриди баррасӣ қарор дода, таъкид намуданд, ки моро месазад зирракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ободии Ватану миллат ҳамеша омода бошем.
Ҳар як узви ҳизбро зарураст, ки масъулияти дар наздаш гузоштаро софдилонаву содиқона иҷро намуда, ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардидани Тоҷикистони маҳбубамон саҳми муносиб гузорад.
Дар охир масъулини штирокдоронро бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон, ки моҳи хайру сахо, сабру таҳаммул, эҳтироми якдигар, раҳму шафқат ва кӯмак намудан ба эҳтиёҷмандону камбизоатон мебошад, ҳидоят карданд.