Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари мманфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав вобаста ба истифодаи самараноку оқилонаи ҳар як ваҷаб заминҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, кишти тирамоҳии маҳсулоти кишоварзӣ, рӯёнидани ҳосили баланд ҳамчунин роҳҳои пешгирикунандаи бемории сироятии коронавирус, истифодаи ниқобҳои тиббӣ, риояи ҳатмии беҳдоштро миёни сокинони деҳаи Сангоба 4-и Ҷамоати деҳоти Наврӯз баргузор намуданд.
Ба сокинони деҳа бо усули «хона ба хона» таъкид карданд, ки қоидаҳои беҳдоштиро дар хонадонашон нигоҳ доранд ва барои иҷро ба онҳо варақаҳои тавсиявӣ ва таъкидии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлонро тақсим намуданд.
Бо мақсади расонидани кумак вобаста ба безараргардонӣ аз ҳисоби Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб маводи безараргардонии маҳлули хлордор ба миқдори 2 килограмм ва 145 адад ниқобҳои муҳофизатӣ дастраси сокинон карда шуд.