БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХУДРО АЗ КОРОНАВИРУС ЭҲТИЁТ НАМОЕД!

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Носири  Хусрав  дар маҳаллаи  Сангоба  3-и   Ҷамоати деҳоти Наврӯз бо максади ба мардум фаҳмонидани хатару оқибатҳои бемории коронавирус бо усули «хона ба хона» гузарониданд.

Намояндагони ҳизбӣ аҳолиро  хотиррасон  намуданд, ки  гигиенаи  шахсӣ  аҳамият  дода, истифодаи  ҳатмии  никобҳои  тиббӣ,   мунтазам шустани  дастон  бо  собун  риоя кунанд,  зеро  ҳифзи  саломатии  мо  дар  дасти  худи  мост.

Имрӯзҳо мавҷи  дуюми  бемории  сироятии  коронавирус ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Дар аксари кишварҳо новобаста  аз  корҳои  ба сомон  расонида  ҳоло  ҳам шумораи зиёди одамон ба ин беморӣ гирифтор мешаванд. Аз  ин  лиҳоз  ҳар  як  нафар худро  бояд  аз коронавирус  эҳтиёт  намояд.

Ба  сокинони  маҳаллаи Сангоба-3 барои  безараргардонии  ба  миқдори 2 кг гипохлориди  калсий  ва 158 адад  даҳонбанди  муҳофизатӣ  тақдим  карда  шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg