БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МЕҲНАТ РОҲАТ МЕОРАД!

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг ҳамарӯза бо сокинони кӯча ва маҳаллаҳои ноҳияи Ховалинг ҷиҳати истифодаи самараноки замин  дар асоси Аксияи таблиғотии “хона ба хона” вохӯрию суҳбатҳо доир намуда, дар шароити буҳрони шадиди иқтисодию иҷтимоие, ки бо сабаби пайдо ва паҳн гардидани бемории сироятии коронавирус бештари давлатҳои дунё зарари  иқтисодӣ дидаанд, зарурат ва фоидаи истифодаи самараноки заминҳои дар ихтиёрдоштаи наздиҳавлигӣ, президентӣ ва хоҷагиҳои деҳқониро ба сокинон мефаҳмонанд.

Чунин  вохӯрӣ ва суҳбати судманд оид ба истифодаи самаранок ва мақсадноки замин  бо сокинони маҳаллаи Шехмизони  Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт гузаронида шуд. Мушоҳидаҳо аз заминҳои  наздиҳавлигии сокинон нишон дод, ки онҳо ба дарки масъала рафта, аз замин хеле самаранок истифода намудаанд. Дар заминҳои 69 нафар сокинони маҳалла, ки ба онҳо суҳбат гузаронида шуд,  тамоми анвои маҳсулотро дидан мумкин аст. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg