БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НИҚОБРО ЧӢ ГУНА БОЯД ИСТИФОДА КАРД?

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавирус ва самамранок истифодабарии заминҳои кишоварзӣ корҳои тарғиботию фаҳмонидадиҳиро дар деҳаҳои Ҷамоати «20 – солагии Истиқлолияти Тоҷикистон » бо усули «хона ба хона» доир намуданд.

Масъулин зимни суҳбат бо сардорони оилаҳо ва дар кӯчаву маҳаллаҳо иброз доштанд, ки ниқобҳо сохторҳои гуногун дошта метавонанд. Метавонанд истифода барои як бор бошанд ва метавонанд бисёркарата истифода шаванд. Ниқобҳое ҳастанд, ки муддати аз 2 то 6 соат истифода мешаванд. Аммо наметавон як ниқобро такрор ба такрор истифода кард, чун шумо метавонед худро дубора сироят кунед. Барои он ки худро аз хатари сироят ба ҳар гуна вирус эмин доред, муҳим аст, ки онро дуруст пӯшед.

Вақти нигоҳубини бемор ва анҷоми иртибот бо ӯ ҳатман бояд ниқобро кашед ва фаврӣ дастонатонро бо собун ё маҳлулҳои дигари тамйизӣ бишӯед. Ниқоб танҳо замоне ба шумо лозим аст, ки дар миёни одамони зиёд гаштугузор мекунед, дар нақлиёт сафар доред ва ё бемори гирифтори вирусро нигоҳубин мекунед. Дар ҳавои кушод ва ҷойҳои беодам пӯшидани он ҷоиз нест. Дар кӯча, вақте шумо мехоҳед аз обу ҳавои тоза нафас кашед, пӯшидани ниқоб зарурат надорад. Аммо табибон мегӯянд пӯшидани ниқоб ин ягона роҳи пешгирӣ аз сироят ба вирус нест ва кафолати пурра ҳам надорад. Барои сироят наёфтан чораҳои дигари пешгирикунандаро бояд ҳатман риоя намоед.

Ҳамзамон дар масъали истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки аксари сокинон хоҷагидорон мебошанд як чанд маслиҳатҳои муфид низ дода шуданд.

 

     

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg